Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шумораи махсуси маҷаллаи фарҳангии «ECO Heritage» (Мероси фарҳангии СҲИ)-ро бахшида
ДУШАНБЕ, 21 . 09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шумораи махсуси маҷаллаи фарҳангии «ECO Heritage» (Мероси фарҳангии СҲИ)-ро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба нашр расонид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, шумораи махсус бо зерунвони «Тоҷикистон: 35 соли Истиқлолияти давлатӣ» ва бо шиори «Фарҳанг ҳамчун пояи истиқлолият» ба табъ расидааст. Он бо мақола дар бораи нақши сарнавиштсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои маънавии давлатдории муосири Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар мақола дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳифзу эҳёи фарҳанги ғаноманди ниёкон, таҳкими худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии тоҷикон дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат таъкид шудааст.
Қисмати муҳими шумораи махсус ба мероси фарҳангии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он ёдгориҳои таърихию меъморӣ, ҷашни Наврӯз, мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намунаҳои санъати миллӣ муаррифӣ гардидаанд. Ҳамзамон дар маҷалла ба осори шахсиятҳои барҷастаи илму адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Шумораи махсуси маҷалла, ки мавзуъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро фаро мегирад, барои хонандагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ имкони шиносоии бештар бо дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ва мероси ғании фарҳангии миллати тоҷикро фароҳам меорад.
Ин ташаббус саҳме дар таҳкими дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии шоистаи комёбиҳои фарҳангии даврони истиқлолият ва густариши робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шумор меравад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон