Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Ҳисор ва Рашт даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Ҳисор ва Рашт даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ хабар доданд .

Дар даври дуюми озмун аз ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳазору 360 довталаб иштирок намуда, 1 ҳазору 744 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, 169 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4), хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.

Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.                 Ҳамзамон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки барои омода шудан ба ин озмун шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расида, ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид.

Китоб дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.

Ин иқдоми наҷибу камназири Президенти ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат, «эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад».

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"