«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода сухан намуданд.

Иброз гардид, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ нақши бузург дошта, осори гаронбаҳои ӯ давоми садсолаҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ хизмат менамояд. Омӯзиш ва таҳқиқи мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии устод Рӯдакӣ яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқон ба ҳисоб рафта, муаррифии осори шоири бузург дар арсаи байналмилалӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва шинохти ҷойгоҳи воқеии адабиёти тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти хосса дорад.

Устод Рӯдакӣ бо эҷодиёти мондагори худ на танҳо асосҳои адабиёти классикии тоҷику форсро таҳким бахшид, балки арзишҳои баланди инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавиро дар осораш инъикос намуда, барои наслҳои баъдӣ мероси бузурги фарҳангӣ ба ёдгор гузошт. Осори ӯ имрӯз низ мавриди омӯзиши васеи донишмандон ва муҳаққиқони давлатҳои гуногун қарор дошта, ҳамчун ҷузъи муҳими мероси муштараки фарҳангии форсизабонон арзёбӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки бузургдошти Устод Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон ҷилову ранги тозаи хос касб карда, халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлоли давлатии худро устувор менамуд, ҳанӯз соли 2002 Рӯзи Рӯдакиро дар 22 сентябр муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси адабию фарҳангии Устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт корҳои зиёди илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон баргузории чорабиниҳои илмӣ дар мавзуи ҳаёт ва фаъолияти адабии шоир барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни муҳаққиқони давлатҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар конфронс рассом ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик Саидумар Маъсум, ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Абдурризо Ҷавон Ҷаъфарии Буҷнурдӣ ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз доштанд, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёт ва фарҳанги тоҷик мақоми барҷаста дошта, осори безаволи ӯ ҳамчун сарчашмаи муҳими андешаҳои инсонпарварона, ахлоқӣ ва маънавӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда хизмат менамояд.

Инчунин дар мавзуъҳои «Рӯдакипажуҳишӣ дар мақолоти муҳаққиқони Эрон», «Рӯдакӣ ва тахайюли воқеъгаро» ва «Рӯдакӣ дар оинаи адабиёти татбиқӣ» аз ҷониби олимони Эрон маърузаҳо пешниҳод гардид.

Конференсия дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ идома ёфта, дар он мавзуъҳои «Ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар илми филологияи тоҷик», «Устод Рӯдакӣ дар таҳқиқу тасвири Сотим Улуғзода», «Нигоҳе ба нахустин қасидаи комил дар адаби тоҷикии форсӣ», «Нубуғи шоирии Рӯдакӣ», «Мусиқии калом дар шеъри Рӯдакӣ», «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри Амир Муиззӣ», «Аҳаммияти ҷаҳонии ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра аз ҷониби олимону муҳаққиқон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО, АМИТ «Ховар»

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"