Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Русия дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид,

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Русия дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба идоракунии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, рушди фарҳанги экологӣ ва тарзи ҳаёти экологиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода сухан гуфт. Иштирокдорони ҷаласа инчунин мавзуъҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» ва даврӣ, нобудсозии бехатари пеститсидҳои кӯҳна ва масъалаҳои дигари мубрами экологиро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои об, таназзули замин, аз байн рафтани гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва афзоиши басомади ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ на танҳо иродаи сиёсӣ, балки амали мушаххас ва ҳамоҳангшударо талаб мекунанд. Дар чунин шароит тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, эътимод, масъулият ва ба назар гирифтани манфиатҳои муштарак махсусан муҳим аст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"