Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунад, ки он ба рушди соҳаи нассоҷии мамлакат мусоидат менамояд. Ин нукта дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунад, ки он ба рушди соҳаи нассоҷии мамлакат мусоидат менамояд. Ин нукта дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ — Тоҷикистон–2026, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иброз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026, ки дар доираи мулоқоти чоруми вазирони саноати кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, беш аз 250 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои нассоҷӣ, мутахассисон ва коршиносони соҳа аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии нассоҷӣ — Тоҷикистон-2026 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода сухан намуда, баргузории ин чорабиниро дар рушди ояндаи соҳаи саноати нассоҷии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ дар мамлакат санади муҳим- «Стратегияи миллии рушди истеҳсол, коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2040» -ро қабул намудааст. Ҳадафи он рушди соҳаи нассоҷии мамлакат, гузариш аз содироти пахтаи хом ба коркарди пурраи он дар дохили мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва афзоиши иқтидори содиротии саноати нассоҷӣ, зиёд кардани ҳаҷми коркарди ватанӣ, то ба ҳадди аксар расонидани нахи пахта, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ба соҳаи саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани ҳиссаи саноат дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошад.

Гуфта шуд, ки «Стратегияи миллии рушди истеҳсол, коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2040» ташаккули кластерҳои муосири нассоҷӣ бо давраи пурраи истеҳсолӣ, афзоиши коркарди ашёи хоми пахтаи ватанӣ ва тадриҷан афзоиш додани содироти маҳсулоти тайёри нассоҷиро то 3 миллиард доллар пешбинӣ менамояд.

Интизор меравад, ки дар доираи татбиқи самараноки «Стратегияи миллии рушди истеҳсол, коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2040» дар Тоҷикистон соҳаи нассоҷӣ рушд намуда, бо назардошти таъсиси ҷойи нави кор, модернизатсияи соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, таъсиси корхонаҳои саноати нассоҷӣ ва содироти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ба хориҷи давлат ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ табдил ёбад.

Дар Тоҷикистон барои истифодаи неруи барқи «сабз» имтиёзҳои дарозмуддати андозию гумрукӣ, созишномаҳои сармоягузорӣ бо тасдиқи парлумонӣ ва то 50 фоиз тахфиф ба неруи барқ барои корхонаҳои давраи пурраи коркард пешниҳод карда мешаванд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ ҳудуди 700 корхонаю ширкати соҳавӣ фаъолияти густурда доранд. Он дар рушди соҳаи нассоҷӣ ва дар маҷмуъ саноатикунонии мамлакат ва аз кишвари аграрӣ ба давлати индустриалӣ–аграрӣ табдил додани Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 майдони махсуси муколама барои ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои нассоҷии давраи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёр дар кишвар маҳсуб шуда, бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) баргузор гардид.

Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 дар се бахши муҳим корашро идома дода, иштирокдорони он мавзуъҳои муҳим, аз қабили «Рақамисозӣ, автоматикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи нассоҷӣ», «Занҷираи арзиши сабз: пахтаи устувор ва омодасозии кадрҳо» ва «Сармоягузорӣ ба навсозӣ: маблағгузории сабз ва механизмҳои дастгирии содирот»-ро баррасӣ намуданд.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"