Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, чорабинии махсуси

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, чорабинии махсуси Тоҷикистон таҳти унвони «Барқарорсозии иншооти мероси уранӣ дар Тоҷикистон: пешрафт, мушкилот ва афзалият» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Тоҷикистон, Агентии байналмилалии неруи атомӣ, Комиссияи Аврупо, Федератсияи Русия, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони техникӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода изҳор дошт, ки давоми солҳои охир дар Тоҷикистон низоми мукаммал ва фарогири танзим ташаккул ёфтааст. Ин низом экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷозатномадиҳӣ, санҷиш, мониторинги радиатсионӣ ва назорати минбаъдаи минтақаҳои барқароршударо дар бар мегирад.

Дар чорабинӣ доир ба такмили низоми мониторинг баъди барқарорсозӣ, идоракунии ҷараёнҳои обӣ ва дигар роҳҳои паҳншавии моддаҳои ифлоскунанда, назорати чанг ва радон, таҳкими заминаи озмоишгоҳӣ ва омодасозии минбаъдаи мутахассисони миллӣ табодули афкор карда шуд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"