Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн  ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн ҳамоиши

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн  ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн ҳамоиши муштарак бо ҷониби баҳрайнӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн Акрам Каримӣ, масъулини аршади Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн ва роҳбарияти Академияи дипломатии ба номи Муҳаммад ибни Мубораки Баҳрайн иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, таърихи дипломатияи тоҷик, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Источник: АМИТ "Ховар"