Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ ба муносибати 25–солагии Созмони ҳамкории Шанхай гузаронида мешавад. Он платформаи самаранок барои намоиши иқтидори давлатҳои аъзо дар соҳаи нақлиёт, логистика, мошинсозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва технологияҳои муосири логистикӣ мебошад.
Иштирок дар намоишгоҳ ба ширкатҳо имконият медиҳад, ки фаъолияташонро муаррифӣ намуда, шарикони нави тиҷоратӣ пайдо кунанд ва ҳамкориро густариш диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи намоишгоҳ ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои кории Созмони ҳамкории Шанхай оид ба нақлиёт, логистика ва кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар он коршиносони пешбар, намояндагони вазоратҳои соҳавӣ ва роҳбарони ширкатҳои логистикӣ ташкили хатсайрҳои логистикии бемонеаро дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима мекунанд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон