Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари навтаъйини Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд Ҳаммад Зафар Ҳундал баргузор шуд, хабар

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари навтаъйини Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд Ҳаммад Зафар Ҳундал баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика бо назардошти нақши калидии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди энергияи «сабз» дар минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётию пайвастагии минтақавӣ ва бунёду навсозии муассисаҳои соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот мусоҳибон барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи пайгиронаи лоиҳаҳои муштараки афзалиятноки рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"