Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Озмоишгоҳ бо техникаву асбоби муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар сохтори он 5 ҳуҷраи махсус, як ҳуҷраи ёрирасон ва як ҳуҷраи корӣ ҳамчун низоми ба ҳам алоқаманди илмӣ ва амалӣ фаъолият мекунанд.
Самти фаъолияти озмоишгоҳ ба гузаронидани мониторинги пайваста, муайян намудани таркиби намудии зараррасонҳо, таҳқиқ, баҳодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ иброз гардид, ки таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳимтарини стратегии ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон