Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ Рифъат Абдуссамеъ Аббос мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ Рифъат Абдуссамеъ Аббос мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, иттифоқи мазкур ниҳоди ғайридавлатӣ буда, дар самти ҳамоҳангсозӣ ва наздиккунии дидгоҳҳо байни журналистони ду қитъа фаъолият мекунад ва қароргоҳи марказиаш дар шаҳри Қоҳира аст.

Ҷонибҳо дар ин дидор густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёиро баррасӣ карда, бо ҳадафи муаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар Африқо ташкили намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира таҳти унвони «Тоҷикистон аз чашми тасвирбардорони мисрӣ»-ро мувофиқи мақсад донистанд ва дар бораи тарзҳои амалисозии он табодули назар намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср

Источник: АМИТ "Ховар"