Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти чоруми вазирони саноати кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони давлатҳои аъзои Созмон, вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти чоруми вазирони саноати кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони давлатҳои аъзои Созмон, вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни вохӯрии вазирон дурнамои фаъолгардонии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи саноат, рушди ҳамкории истеҳсолӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва «сабз», дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя ва навсозии корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва кластерҳои саноатӣ, рушди робитаҳои нақлиётиву логистикӣ, амалӣ намудани роҳҳалҳои инноватсионӣ, автоматикунонии истеҳсолот, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, инчунин тавсеаи иштироки бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иштирокдорон ҳамчунин бо иқтидори саноатӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, металлургия, мошинсозӣ, саноати кимиё, нассоҷӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими шарикии саноатӣ дар фазои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, рушди ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ ва идомаи корҳо оид ба таҳияи «харитаи роҳ»-и амалии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи саноат изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 22 сентябр ҷаласаи сеюми Гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба саноат баргузор гардид. Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 доир гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷиро ба ҳам овард.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»