Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар даври ноҳиявии озмун ба донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, дониши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ, қобилияти таҳлилӣ, фарҳанги хизматӣ, одоби муошират ва сатҳи омодагии иштирокчиён аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ баҳо гузошта шуд. Як зумра занони фаъолу лаёқатманд бо нишон додани дониши баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, маҳорати касбӣ, масъулиятшиносӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва садоқат ба хизмати давлатӣ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Иштироки фаъол ва натиҷаҳои бадастовардаи занони ноҳияи Данғара дар ин озмун барои дигар занону духтарони ноҳия намунаи ибрат буда, онҳоро ба омӯзиши пайваста, такмили дониш, рушди малакаҳои касбӣ ва иштироки боз ҳам фаъолтар дар хизмати давлатӣ ҳидоят менамояд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар заминаи сиёсати созандаву дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор гардида, яке аз тадбирҳои муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Источник: АМИТ "Ховар"