Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ гузаронида мешавад.

Имсол ба Низомномаи озмун ду тағйирот ворид гардидааст. Аввалан, ба номинатсияи навозандагӣ жанри академӣ (созҳои аврупоиасос) ворид гардид. Дуюм, аз номинатсияи дизайн синни аз 12 то 17-сола гирифта шуд. Дар ин номинатсия танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок мекунанд. Имсол низ маблағи баргузории озмун зиёд гардидааст. Барои озмун соли 2022 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ, соли 2023 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ва соли 2025 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардида буд. Имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо мегардад.

Ба таҳлили коршиносони соҳаи фарҳанг, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол зиёд мегарданд. Аз соли 2019 то 2024 дар озмун 21 561 довталаб аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуд. Аз ин шумора 485 нафар давоми 6 сол бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд: соли 2019 – 28 нафар, соли 2020 – 66 нафар, соли 2021 – 78 нафар, соли 2022 – 77 нафар, соли 2023 – 118 нафар, соли 2024 – 118 ва соли 2025 – 136 нафар бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тибқи Низомномаи озмун, панҷ ғолиби асосӣ — соҳиби Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳо- ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо 70 000 сомонӣ, 50 000 сомонӣ ва 30 000 сомонӣ, Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун шудаанд, дар марказҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ, инчунин дар ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ба муҳлати се сол ҳуқуқи таҳсил бе супоридани имтиҳонҳо дар гурӯҳҳои ройгонро доранд.

Ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги мамлакат, ҳуҷҷатҳои озмун ва рӯйхати ғолибон тибқи тартиби муқарраршуда ба муҳлати 10 сол нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба бойгонӣ супорида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «ХОВАР»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"