20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр чун Рӯзи ҷаҳонии тозагӣ эътироф шудааст. Ин рӯз яке аз бузургтарин иқдомҳои шаҳрвандӣ дар ҷаҳон аст, ки миллионҳо ихтиёриёнро аз давлатҳои мухталиф барои тоза

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр чун Рӯзи ҷаҳонии тозагӣ эътироф шудааст. Ин рӯз яке аз бузургтарин иқдомҳои шаҳрвандӣ дар ҷаҳон аст, ки миллионҳо ихтиёриёнро аз давлатҳои мухталиф барои тоза кардани сайёра ва шаҳру маҳаллаҳо аз партовҳо муттаҳид мекунад. Зеро тибқи пешбиниҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳаҷми тавлиди партовҳои сахти маишӣ аз 2,1 миллиард тонна дар соли 2023 то 3,8 миллиард тонна то соли 2050 афзоиш хоҳад ёфт.

Таъсиси Клуби «Волонтёрони экологӣ»

Чунин тадбир, яъне ҷалби ихтиёриён дар шаҳри Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, тибқи қарори дахлдор, моҳи октябри соли 2025 дар назди Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис ёфта буд, ки мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, иштирок дар аксия ва ҳамоишҳои экологӣ, инчунин ҳавасмандгардонии сокинон дар самти тозагию ободонии пойтахт мебошад. Танҳо дар панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби аъзои ин клуб 37 маротиба ҳашари экологии «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба ҳашари экологии «Тозагии маҳал» доир гардид.

Фарҳанги шаҳрнишинӣ аз мо оғоз меёбад

Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои зиндагии шоистаи сокинони пойтахт корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Хусусан, дар шаҳри Душанбе чанд соли охир биноҳои наву боҳашамат, роҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои савдо сохта шуда, хизматрасонии нақлиёти замонавӣ ва хизмати маишӣ беҳтар гардидааст. Ин ҳама барои мо – сокинон бунёд шудаю рафтори мо низ бояд ба замони муосир мувофиқ бошад. Аммо то ҳол сокинони мамлакат маданияти шаҳрнишиниро риоя намекунанд. Далели ин гуфтаҳо ҳолати имрӯзаи қубурҳои обгузар, кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгашт ва майдончаҳои варзиишӣ мебошанд, ки ба макони партов мубаддал гардидаанд.

Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон сол ба сол ободу зебо ва замонавӣ мегардад. Хиёбону кӯчаҳои тоза, гулгаштҳои сабзу хуррам, боғҳои зебо ва муҳити созгор симои шаҳрро бозгӯйӣ мекунанд. Аммо ободиву тозагии пойтахт танҳо ба фаъолияти сохторҳои масъул вобаста нест. Дар ин раванд фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муносибати ҳар як сокин ба муҳити зист нақши муҳим дорад.

Фарҳанги шаҳрнишинӣ, пеш аз ҳама, дар рафтори ҳаррӯзаи инсон зоҳир мешавад. Шаҳрнишини бофарҳанг медонад, ки партови хурд ҳам метавонад ба тозагии муҳит таъсир расонад. Ӯ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ эҳтиёткорона муносибат мекунад, қоидаҳои ҳаракатро риоя менамояд, ба ҳуқуқи дигарон эҳтиром мегузорад ва дар тоза нигоҳ доштани маҳалли зист саҳм мегузорад.

Махсусан дар пойтахт, ки ҳамарӯза сокинону меҳмонони зиёдро қабул мекунад, риояи чунин меъёрҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад. Симои шаҳр то андозае фарҳанги сокинони онро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, тозагии пойтахт бояд на танҳо маъракаи мавсимӣ, балки ба одати доимии ҳар шаҳрнишин табдил ёбад. Агар ҳар кас дар назди худ масъулият ҳис кунад ва андеша намояд, ки «ман низ барои тозагии шаҳр масъулам», натиҷаи он дар тамоми ҷомеа эҳсос хоҳад шуд.

Тозагӣ аз хона, кӯча ва маҳали зист оғоз мешавад

Ҳар шаҳрванд бояд дарк намояд, ки партовро ба ҷойи муайян партофтан, тоза нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, эҳтиром ба дарахту гулҳо ва ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ танҳо талаботи одии зиндагии шаҳрӣ нест, балки нишонаи фарҳанги шаҳрвандӣ мебошад.

Тавре мушоҳида мешавад, дар баъзе қубурҳои обгузар сарпӯшҳо шикаста ва ё тамоман мавҷуд нестанд. Боиси таассуф аст, ки аксаран қубурҳои обгузарро сокинони беандеша пур аз партов менамоянд. Он мушкилии ҷиддии экологӣ ва коммуналӣ буда, боиси басташавӣ, ифлосшавии об ва хатари паҳншавии бемориҳо мегардад. Ин ҳолат агар аз як ҷиҳат ба муҳити атроф зиёновар бошад, аз тарафи дигар, ба солимии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолат метавонад боиси пайдоиши бӯи бад ва паҳншавии сироятҳо гардад. Ҳамчунин барои интиқоли оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинон монеа эҷод менамояд.

Маромномаи сокини пойтахт

Барои бартараф шудани ин мушкилиҳо ва барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000 «Маромномаи сокини пойтахт» қабул шуда буд, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт бояд ҳатман «Маромномаи сокини пойтахт» ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе»-ро, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.

Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва бо таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Инчунин бо мақсади риояи тозагии шаҳр бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  гурӯҳи таблиғотӣ   барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт  ташкил гардидааст, ки пайваста дар байни аҳолӣ кор мебарад.

Бо вуҷуди он ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфта, дар ҳама шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт оид ба риояи одоби шаҳрнишинӣ бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд. Барои мисол метавон аз даҳлезҳои ҳафтаҳо норӯфта, ҷӯйборҳои пур аз зарфҳои пластикии назди баъзе хонаҳои истиқоматӣ, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ёдовар шуд, ки бо гузашти на чандон вақт шишаи баъзеи онҳо аз ҷониби наврасон шикаста ва нишастгоҳҳо бо сабти ҳар гуна калимаҳо «кандакорӣ» шудаанд. Майдончаҳои кӯдакона, ки бо ибтикори роҳбарияти шаҳр қариб дар назди тамоми биноҳои истиқоматӣ сохта шуда буданд, ҳоли аз ин ҳам табоҳро доранд-арғунчаку дигар бозичаҳо шикаставу корношоям гаштаанд.

Аз ин хотир 15 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе оид ба ин масъала изҳори нигаронӣ ва таъкид намуданд, ки «фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост».

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки «мову шумо – сокинони пойтахт вазифадорем, ки ҳамчун миллати шаҳрсоз ва шаҳрдору шаҳрнишин намунаи ибрати ободкорӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муошират, покии забон, гуфтору рафтор, либоспӯшӣ ва муҳимтар аз ҳама, намунаи меҳандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бошем. Мо бо заҳмати аҳлона бояд пойтахти Тоҷикистони азизамонро ба шаҳре табдил диҳем, ки он воқеан боиси ифтихори кулли мардуми мамлакат ва макони диданиву дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон гардад».

Тамиз кардани пушти дару  назди биноҳои истиқоматӣ, озор надодани ҳамсояҳо бо бӯйи хӯроку равған ва шавқуну фарёди баланди кӯдакону наврасон ва рафтори оромона дар ҷомеа- ин масъала болотар аз фарҳанги шаҳрнишинӣ буда, маданияти инсонист. Пас, зарур аст, ки шуури инсонгарии ҷомеа ташаккул ёбад. Барои боло рафтани фарҳангу маданият шахс бояд завқ дошта бошад. Завқи инсон парвариш мехоҳад.

Фарҳанги шаҳрнишинӣ — нишонаи рушди ҷомеа

Тавре муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз медорад, фарҳанги шаҳрнишинӣ яке аз нишонаҳои муҳими рушди ҷомеа мебошад. Сокини пойтахт будан на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург низ мебошад.

«Рисолати имониву инсонӣ, вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини бонангу номус ва ватандӯсти худшинос он аст, ки бо одоби баланди муошират, эҳтиром ба қонун, нигоҳ доштани тозагӣ, муносибати хуб ба муҳити зист ва меҳмоннавозии худ намунаи хуби шаҳрвандиро нишон дода, дарк намояд, ки зебоӣ, тозагӣ, ободиву оромӣ ва пешрафти Душанбе аз муносибати масъулиятноки ҳар яки мо, шаҳрвандони кишвар вобаста аст. Зеро воқеан ҳам гузаштагони мо халқи бунёдкору созанда буда, дар таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд», — изҳор менамояд Мавсума Муинӣ.

Воқеан, сокинони пойтахт бояд, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо ва дигар кормандони соҳа расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте мешавад, ки дигарон онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу хароб гарданд. Зеро ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"