21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 21.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Соли 1981 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади арҷгузорӣ ва таҳкими сулҳ дар

ДУШАНБЕ, 21.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Соли 1981 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади арҷгузорӣ ва таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон қатъномае қабул намуд, ки ба ин ид асос гузошт. Рӯзи байналмилалии сулҳ дар аввал душанбеи сеюми моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти вақт ва муҳимияти ин рӯз Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи дигар қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2002 инҷониб 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад.

–25 июни соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тибқи муқаррароти ин санад солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон гардид. Ҳадафҳои асосии даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул байни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.

Бояд гуфт, ки қабули қатънома бо ташаббуси навбатии Сарвари давлати мо дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо  мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он, бешубҳа, аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳоло саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 31 августи соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб мешавад. Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди огоҳу солимфикри мамлакат ба шумор меравад.

«Моҳи июни соли равон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон амалӣ гардид, нишонаи саъю талоши пайгиронаи ҷумҳурии мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар сайёра мебошад»,-таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон.

Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд таъмини сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба онро яке аз масъалаҳои муҳими замон мешуморад. Зеро маҳз бо сулҳу салоҳ ҷомеа метавонад пеш равад. Имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, онро намунаи ибрат медонанд.

Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт,  бо қабули ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли 2026 дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» саҳифаи тозае дар таърихи дипломатияи сулҳ, фарҳанги муколама ва масъулияти байнинаслӣ кушода шуд. Ин ташаббус аз доираи як пешниҳоди маъмулии сиёсӣ фаротар рафта, дорои мазмуни амиқи инсоншиносӣ, давлатшиносӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ мебошад. Зеро сухан дар бораи сулҳ меравад — неъмате, ки ҳастии инсон, бақои давлат, амнияти ҷомеа, рушди иқтисод, камолоти маънавӣ ва ояндаи наслҳоро ба ҳам мепайвандад.

Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон бо ин ташаббуси башардӯстона ва ояндасоз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо пешниҳоди сиёсӣ, балки таҷрибаи зиндаи таърихӣ, модели нодири сулҳофарӣ ва фалсафаи амалии ваҳдатро пешниҳод мекунад. Барои миллати тоҷик сулҳ дарси таърих, захми хотира, ифтихори миллӣ ва пояи давлатдорист. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ташаббус хотиррасон мекунад, ки ояндаи башарият на танҳо ба технология, иқтисод ва сиёсат, балки ба қобилияти сулҳомез зистан, ҳамдигарро шунидан, адолатро эҳтиром кардан ва масъулияти худро дар назди наслҳои оянда дарк намудан вобаста аст.

«Таърихи 35-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол далел аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ваъдаашон вафо намуда, мамлакатро ба рӯзҳои амну осоиштагӣ ва якдилию якмаромии тамоми мардуми тоҷик расониданд. Пойдорӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд. Сулҳи тоҷикон сулҳи якрӯза, яксола ё барои як даҳсола нест, балки сулҳест барои имрӯзу фардою фардоҳои дигар»,- чунин иброз намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода.

Сулҳ пойдорӣ, номдорӣ ва бардавомии миллату давлат аст. Ин сулҳ ҳушдор медиҳад, ки инсон бе сулҳу суботу ваҳдат ва бе амният вуҷуд дошта наметавонад. Сулҳи мо, тоҷикон аз сабақҳои омӯзандаи таърих ва фарҳанги миллатамон ибтидо мегирад.

Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзун намуд. Пешниҳоди ин ташаббус асосҳои худро дорад. Аввал ин ки Пешвои миллат давоми 35 соли давлатсозӣ бо назардошти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бо сулҳ анҷом додани он ва таъмини ваҳдату суботу амният дар ҷомеа таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ андӯхтаанд. Баъдан ин таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, аз ҷониби аксари давлатҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

«Ташаббуси навбатии Сарвари давлати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфт, зеро сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Бояд гуфт, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони даҳсола аз муҳимтарин иқдомҳои башардӯстона ва ояндасози замони муосир ба шумор меравад. Ин ташаббус боз як бор нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳон на танҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлол, балки ҳамчун ҷумҳурии дорои андешаи созанда, сиёсати башардӯстона ва рисолати сулҳофарона шинохта шудааст.

Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Сулҳ сари баланду қомати болои мо, бахту саодати ҳар хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат мебошад».

Раъно НУСРАТУЛЛО, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"