Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи Чорумин вохӯрии вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) оид ба саноат ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи Чорумин вохӯрии вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) оид ба саноат ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории саноатӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, истифодаи имконияти мавҷуда барои таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки рушди соҳаи саноат яке аз самтҳои муҳими таҳкими ҳамкории иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина тавсеаи ҳамкорӣ байни корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ аҳамияти хосса дорад.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин доир ба масъалаҳои рӯзномаи Чорумин вохӯрии вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба саноат табодули назар намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаи саноат пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории саноатӣ, таҳкими робитаҳо байни давлатҳои аъзои Созмон ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба саноат дар доираи чорабиниҳои Чорумин вохӯрии вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба саноат баргузор гардида, натиҷаҳои он барои муҳокимаҳои минбаъда дар сатҳи вазирон пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон