Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҳамзамон дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омодани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон аз 24 то 25 сентябр ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабонаи 26 сентябр дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳавои рӯзонаи 26 сентябр ва 27 сентябр бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, 24-25 сентябр дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
24-25 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр бориши борон ва барф) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, 24-25 сентябр ва шабонаи 26 сентябр дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф) меборад. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. 25-27 сентябр ҳарорати ҳаво паст шуда, то 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, 24-26 сентябр дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
АКС аз бойгонӣ